Душанбе. 26-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Пайравони равияи Салафия дар ҷумҳурӣ барои барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин матлабро имрӯз дар як нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии кишвар - Маҳмадназар Солеҳов баён кард.

Вазир гуфт, ба мақомоти умури дохилаи кишвар супориш шудааст, ки аз таъқиби собиқ пайравони ин равия худдорӣ кунанд. Ба қавли Солеҳов, аз рӯзи манъ гардидани фаъолияти равияи Салафия дар Тоҷикистон, дар таърихи 8-уми январи соли ҷорӣ то кунун ягон нафар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида нашудааст. «Агар мо тарғиби ин равияро аз ҷониби шаҳрвандони ҷумҳурӣ ошкор намоем, нисбати ин афрод мутобиқи моддаи 189-и Кодекси ҷиноии ҷумҳурӣ, яъне барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ парвандаи ҷиноӣ боз хоҳем кард», - гуфт Солеҳов.

  Бино ба маълумоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, соли гузашта ба иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯъшудаи «Ҳизб-ут-таҳрир» дар кишвар 11 нафар ба ҳабс маҳкум гардиданд.