Душанбе. 11-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти марбутаи Тоҷикистон 1 тоннаву 548 килову 455 грамм маводи мухаддир мусодира карда шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, аз ин миқдор, аз ҷумла, беш аз 351 килояшро маводи сахттаъсири ҳероин, беш аз 217 килояшро афюн ва зиёда аз 979 килояшро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳамин давраи соли гузашта аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 2 тоннаву 203 кило маводи мухаддир мусодира гардида буд.

«Дар ин давра аз ҷониби кормандони АНМН – 229 килову 298 грамм , кормандони ВКД ҶТ – беш аз 780 кило, сарҳадбонони Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ – 304 килову 350 грамм , кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ - 172 килову 452 грамм маводи мухаддир мусодира карда шуд», - афзуд манбаъ.