Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати маводи нашъаволари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гурӯҳи нашъафурӯшонро боздошт намуданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар миёни ғарами коҳи сокини ноҳияи Ҳисор халтаеро пайдо карданд, ки аз дохили он 2 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд. «Ин халтаро ду шаҳрванди бекори ноҳия пинҳон намудаанд», - гуфтанд дар агентӣ.

            Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз рӯзи 10-уми марти соли ҷорӣ дар қаламрави деҳаи Афғонои ноҳияи Рӯдакӣ кормандони агентӣ дар пайи дастгир намудани аъзои ин гурӯҳ буданд, вале он замон ба онҳо муяссар шуда буд, ки муқовимати мусаллаҳона нишон дода, аз ҷойи ҳодиса ғайб зананд. «Акнун ҳамаи аъзои гурӯҳ боздошт шуд», - гуфт манбаъ.

            Ёдовар мешавем, дар задухӯрди мусаллаҳона аз таркиши норинҷаки партофтаи аъзои ин гурӯҳ яке аз кормандони агентӣ ҷароҳат бардошта буд.