Душанбе 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ кормандони раёсати фаврии Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир як сокини 23-солаи шаҳри Норакро боздошт намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳангоми санҷиши мусофирони хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав муайян карда шудааст, ки боздоштшуда ният доштааст дар дохили меъдаааш як миқдор маводи мухаддири ҳашишро ба пойтахти Русия интиқол диҳад. «Аз дохили меъдаи ӯ 106 бастаи селлофании дорои ҳудди ним кило ҳашиш дарёфт шуд», - гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишоти аввалия маълум шудааст, ки боздоштшуда ин миқдор ҳашишро аз ҳамсоли худ – сокини шаҳри Кӯлоб гирифтааст. Боздоштшуда иқрор шудааст, ки тавассути сӯзандору героин истеъмол мекунад ва маҳз ҳамсоли зикршудаи ӯ ҳамеша вайро бо героин таъмин мекуардаасту акнун, ки аз ӯ қарздор шудааст, баҳри пардохти қарз маҷбур шудааст, ки ба ин кор даст занад.

Аз Агентӣ ҳамчунин хабар доданд, ки зимни баргузории корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии минбаъда ҳамсоли боздоштшуда – сокини 23-солаи Кӯлоб низ дастгир карда шудааст. Айни замон ҷиҳати муайян кардани макони будубоши шахсе, ки бояд дар Маскав маводи мухаддирро қабул мекард, чораҳо андешида мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар шӯъбаи тафтишотии агентӣ парвандаи ҷиноӣ боз гардида, боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатии агентӣ нигаҳдорӣ мешаванд.

Манбаъ ҳамчунин афзуд, дар тамоми муддати фаъолияти агентӣ ин ҳодиса дуюмест, ки ҳашиш дар дохили меъда дарёфт шудааст. Маъмулан бо ин тарз маводи мухаддири сахттаъсири героин интиқол дода мешавад.