Душанбе. 2-юми август. «Азия-Плюс» — | Ахири ҳафтаи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон як амалиёти муваффақонаи пешгирӣ аз интиқоли навбатии миқдори зиёди маводи мухадирро доир сохтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, ҳангоми санҷиши маълумоти фаврии расида ошкор гардидааст, ки дар хонаи сокини 29-солаи ҷамоати Дӯстии ноҳияи Ваҳдат маводи мухаддир ғайриқонунӣ нигоҳ дошта мешавад.

«Зимни санҷиши хонаи мазкур бо ёрии саги хидматии мулаққаб ба «Ричи» дар дохили сандуқи оҳании миёни коҳҳо пинҳоншуда ҳудуди 20 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки маводи мухаддир ба ҷияни 22-солаи бекори соҳиби хона, шаҳрванд И.Н. тааллуқ дорад, ки дар ин манзил иқомат мекардаасту қаблан доғи судӣ надоштааст. Маводи мухаддирро ӯ аз шаҳрванди Афғонистон харида, муддате дар ин ҷо пинҳон кардааст ва ният доштааст, ки баъди чанде онро бо нақлиёт тавассути ноҳияи Ҷиргатол ба Қирғизистон интиқол диҳад.

Манбаъ афзуд, шаҳрванд И.Н. ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят боздошт шуда, дар тавқифгоҳи муваққатии АНМН нигаҳдорӣ мешавад ва аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.