Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Мудири шӯъбаи савдо ва хариди бозори «Саховат»-и пойтахт Вафо Ҷӯраев ба азхудкунии воситаҳои бюҷетӣ ба миқдори ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, бино ба маълумоти тафтишот, шурӯъ аз соли 2008 В. Ҷӯраев бо истифода аз ваколатҳои мансабии худ маблағҳое, ки барои хариди маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия ва танзими нархҳо дар бозор ҷудо шуда буданд, дар ҳаҷми277,5 ҳазор сомонӣ баҳри эҳтиёҷоти шахсии худ масраф кардааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.