Суди олии Тоҷикистон собиқ раиси филиали «Ориёнбонк» дар ноҳияи Мӯъминобод Сафармад Рустамовро ба 8,5 соли зиндони низомаш шадид бо мусодираи амвол маҳкум кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Суди олии ҶТ хабар доданд, Рустамов дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 32, қ. 3 (Тайёрӣ ба ҷиноят, сўисқасди ҷиноят), моддаи 104, қ. 2, б. «а, е, ж, з, и, к» (Одамкушӣ) ва 195, қ. 3 (Ғайриқонунӣ нигоҳ доштани аслиҳаи оташфишон)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор дониста шуд. «Бо истифодаи қонуни афв мӯҳлати ҷазои Сафармад Рустамов аз чор як ҳисса кам карда шуд», - таъкид кард манбаъ.
Дар курсии айбдорӣ ҳамчунин ду нафар ҷонибдорони ӯ – Неъматулло Бойматов ва Нурулло Давлатов низ назди қонун ҷавоб доданд. Онҳо ба суиқасд ба куштор гунаҳкор дониста шуда, мутаносибан ба мӯҳлатҳои 8 солу 4 моҳ ва 8,5 сол аз озодӣ маҳрум карда шуданд. Бо истифодаи қонуни афв мӯҳлати ҷазои онҳо низ қисман кам карда шуд.
«Дар ҷараёни тафтишот маълум карда шуд, ки моҳи апрели соли 2000-ум хизматчиёни ҳарбии нерӯҳои марзбонӣ, ки миёнашон хешовандони қумондони он замон маъруфи Фронти халқӣ Қурбон Чолов низ ҳузур доштанд, қаҳвахонаи мутааллиқ ба оилаи Рустамовҳоро оташ заданд. Бо мақсади ниқор Сафармад Рустамов пешакӣ бо ҷонибдорони худ гапзанон карда, нақшаи куштори Чоловро тарҳрезӣ намуд», - гуфтанд дар Суди олӣ.
Ҳамин тариқ, моҳи майи соли 2000-ум гурӯҳи Рустамов бо автоматҳои Калашников, пулемёт ва норинҷакафканҳо мусаллаҳ гардида, ба қатори автомашинаҳои қумондон ҳамла карданд. Он замон аз ҳашт нафари ҳамроҳи қумондон Чолов ду нафар ҷароҳат бардошта буданд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, қисмате аз гурӯҳи Рустамов соли 2001 аз ҷониби Суди олӣ ба мӯҳлатҳои гуногуни ҷазо маҳкум гардида буданд.
Худи Сафармад Рустамов тобистони соли гузашта боздошт шуда буд. Он замон чанде чунин мепиндоштанд, ки боздошти Рустамов ба бетартибиҳои оммавии мухлисони дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб марбут аст. Баъдтар ин фарзия исботи худро пайдо накард.
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Тавонмандсозии иқтисодии деҳқонону ҳунармандон дар Хатлон
Кумитаи тафтишотӣ қонунӣ будани онро месанҷад. Боз тақдими хона ба оилаи тоҷик дар Русия баҳсбарангез шуд
Манбаъ: Нархи нобудсозии мошинҳо то 16 ҳазор сомонӣ боло меравад
Душанбе ва Тошканд дар Помир корҳои иктишофи геологӣ мегузаронанд
Қатъи дурӯзаи барқ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста