Рӯзи 12-уми январи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти кишвар зимни баргузории маҷмӯи амалиётҳои махсус дар шаҳри Душанбе миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз агентии мазкур хабар доданд, дар пойтахт автомашинаи тамғаи «Муссо» боздошт шудааст, ки таҳти идораи сокини вилояти Суғд қарор доштааст. Дар мавриди азназаргузаронии мошин дар бордони он ду сумкаи сафарӣ ошкор гардидааст, ки дар дохилашон 39 бастаи дорои ҳудуди 44 кило маводи мухаддири героини афғонӣ дарёфт ва мусодира гардидааст.
Аз рӯи ин далел тибқи моддаи 200, қ. 4-и КҶ ҶТ (Нигаҳдорӣ ва фурӯши ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Гуфта мешавад, дар сурати фурӯши бобарори ин бори хатарнок дар қаламрави Русия он 220 ҳазор меъёри истеъмол ва арзиши он наздик ба 700 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медод.
Феълан дар Агентӣ ҷиҳати боздошти афроди дгари дар ин муомилоти ғайриқонунӣ дастдошта чораҳо андешида мешаванд. Қобили зикр аст, ки кормандон ин ниҳод бори навбатӣ аз кӯшиши интиқоли героини истеҳсоли Афғонистон аз тариқи ҷумҳурии мо ба Русия мувафаққона пешгирӣ карданд.
Ёдрас мекунем, ки аз оғози соли равон кормандони Агентии мазкур аз муомилоти ғайриқонунӣ зиёда аз 145 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.
Қазоқистон низ тафтиши муҳоҷирони кории тоҷикро бештар ва чораҳои амниятиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр кардааст
Тоҷикистон дар раддабандии озодии матбуот боз ду зина поён рафт
Имсол ба ҳар як иштирокчии ҶБВ қариб 50 ҳазор сомонӣ медиҳанд
Вазорати умури дохилии Русия тартиби сабти номи шаҳрвандони хориҷиро шарҳ дод
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста