Чанде қабл дар шаҳри Хуҷанд мурофиаи судӣ нисбат ба муассис ва асосгузори нахустин Суди ҳакамӣ дар Тоҷикистон ва ҳамзамон ҳуқуқшиноси Маркази дастгирии ҳуқуқии «Адвокати ту» Муҳаббат Ҷӯраева идома ёфт.

Раисикунандаи мурофиа муовини раиси суди шаҳри Хуҷанд Сафар Қурбонов ба адвокати Ҷӯраева – Абдураҳмон Тӯраев сухан дод.

Адвокат изҳор кард, ки зерҳимояи ӯ ҳанӯз 9-уми августи соли 2011 бо такя ба моддаи 74-и КҶ ҶТ дар бораи қатъи парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ дархост пешниҳод намудааст, вале мутаассифона, он то имрӯз баррасӣ нашудааст.

«Аз ин рӯ, мо дархости дигар пешниҳод карда, талаб менамоем, ки он баррасӣ карда шавад. Мутобиқи ин дархост, мо хоҳиш дорем, ки бо истифода аз моддаи 27, б. 2-и КМҶ ҶТ бинобар сабаби мавҷуд набудани аломатҳои ҷиноят дар амалҳои Ҷӯраева парвандаи ҷиноӣ нисбати ӯ қатъ карда шавад. Ҳамчунин бо назардошти моддаи 85-и КҶ ҶТ аз суд дархост мекунем, ки зерҳимояи ман пурра бегуноҳ ҳисобида шавад», - зикр кард адвокат.

Айбдоркунандаи давлатӣ – прокурори шаҳри Хуҷанд Файзулло Воҳидов дархости мазкурро рад кард ва сипас суд ба хонаи машваратӣ раҳсипор шуд.

Мурофиа нимаи дуюми имрӯз идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки фаъолияти Суди ҳакамӣ бо талаби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд дар таърихи 10-уми январи соли равон боздошта шуд.

«Ҳамин мақомот нисбат ба ман тибқи моддаи 296-и КҶ ҶТ (Суистеъмол аз ваколатҳои аудиторӣ, судяҳои ҳакамӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Айни замон парванда ба суди шаҳри Хуҷанд супорида шудааст. Ман худамро гунаҳкор намешуморам ва дар чаҳорчӯби қонунгузории мавҷуда амал кардам», - зикр карда буд он замон Ҷӯраева.

Ба гуфтаи Ҷӯраева, ташкилоти ӯ – Маркази ҳифзи ҳуқуқи «Твой адвокат» (Адвокати ту) дар Тоҷикистон бори нахуст суди ҳакамии доимо амалкунанда таъсис додааст, ки ба фаъолият моҳи январи соли 2009 шурӯъ кард. Дар муддати фаъолият суд беш аз 150 парвандаро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ташкилот ифтитоҳи филиалҳо дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд ва судҳои ҳакамии доимо амалкунандаро ба нақша гирифта буд. Айни замон фаъолияти филиалҳои судҳои ҳакамӣ дар шаҳри Хуҷанд, Исфара, Душанбе, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Спитамен низ боздошта шудааст.

Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» 5-уми январисоли 2008 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин баҳсҳои шаҳрвандон баррасӣ гардида, кори судҳои таъиноти умумӣ сабуктар карда шавад, зеро пас аз ба дӯши онҳо вогузор гардидани қисмате аз вазифаҳои мақомоти прокуратура, кори онҳо бештар гардид.

Мутобиқи моддаи 11-и Кодекси граждании ҶТ, суди ҳакамӣ ба суди таъиноти умумӣ баробар карда шудааст ва аз ин рӯ, иҷрои қарорҳои он низ барои тамоми корхонаву ташкилотҳо ҳаттмист. Мутобиқи моддаи 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳои ҳакамӣ», судҳои ҳакамӣ ба баррасии баҳсҳои шаҳрвандӣ ва иқтисодӣ миёни шаҳрвандон ваколат доранд», - афзуда буд Ҷӯраева.