Кормандони Раёсати мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири ВКД Тоҷикистон дар канори шаҳри Душанбе як корманди мақомоти андози ҷумҳуриро бо миқдори зиёди маводи мухаддир боздошт карданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати дар боло зикршуда Анварҷон Алиев хабар дод, дар пайи амалиёти доиргардида корманди 61-солаи Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ бо ҳудуди 2 кило маводи мухаддири героин боздошт шудааст.

«Дар ҷараёни андешидани чораҳои фаврии минбаъда аз автомашинаи боздоштшуда боз беш аз 6 кило героин дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи номбурда, худи ҳамон рӯз дар шаҳри Душанбе кормандони милиса шаҳрванд Д.Г.-и 39-соларо боздошт намуда, аз ӯ 4 килову 756 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира кардаанд.

Шурӯъ аз оғози сол аз ҷониби кормандони милиса аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 90 кило маводи нашъаовар мусодира гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 кило зиёдтар аст.