Суди вилояти Суғд сокини шаҳри Истаравшанро барои қатли бераҳмонаи корманди нуқтаи мубодилаи асъор ва ҳамсари ӯ ба ҳабси абад маҳкум намуд.

Мурофиаи судии ҳайати мушовараи судии сайёр оид ба парвандаҳои ҷиноии вилояти Суғд дар бинои суди шаҳри Истаравшан баргузор шуд. Дар курсии айбдорӣ сокини 32-солаи шаҳри Истаравшан Фахриддин Мирбобоев қарор дошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз суди вилояти Суғд хабар доданд, суд Ф.Мирбобоевро дар содир намудани ҷиноятҳо тибқи моддаҳои 104, қ. 2 (Куштани ду шахс ё бештар аз он бо бераҳмии махсус) ва 249, қ 4 (Роҳзанӣ бо  мақсади ба миқдори махсусан калон ба даст овардани  молу мулк) гунаҳкор шумурда ӯро ба ҳабси абад дар зиндони низоми махсус бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи августи соли гузашта корманди яке аз нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Истаравшан Шӯҳрат Ҷалолови 36-сола бо ҳамсараш дар манзили зисташон ба қатл расонида шуданд.

Шахсони номаълум шабона ба манзили зисти Шӯҳрат Ҷалолов ворид гардида, дар саҳни ҳавлии хона тавассути зарбаҳои корд ӯ ва сипас ҳамсарашро, ки аз шунидани доду фарёд ба саҳни ҳавлӣ баромада буд, ба қатл расонида буданд. Онҳо 7 ҳазор доллари ИМА ва 28 ҳазор сомонӣ маблағи пулиро бо худ бурда буданд.