Чанде қабл дар шаҳри Кӯрғонтеппа прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода бо раисони шаҳру навоҳӣ, роҳбарони сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон машварат доир кард.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иштирокчиёни машварати мазкур хабар доданд, прокурори генералӣ нисбат ба ҷой доштани ҳодисаҳои қонуншиканӣ дар истифодаи замин дар ноҳияи Вахш изҳори нигаронӣ кардааст. «Раиси ноҳияи Шодӣ Мӯсоев маҳз бо ҳамин сабаб аз мансаб сабукдӯш шуд», - гуфт яке аз онҳо бо такя ба суханони Ш.Салимзода.

Салимзода ба прокуророни шаҳру ноҳияҳо ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ суориш додааст, ки саривақт ба қонуншиканиҳо вокуниш нишон диҳанд. «Вақте шахс сохтмонро оғоз мекунад, мо ҳама хомӯшему чора намеандешем, вале чун хона бунёд шуд, санҷишро шурӯъ карда, дар бораи кӯчонидани он қарор содир мекунем. Чунин қонуншиканиҳоро пешгирӣ кардан ва корро то кӯчонидан оварда нарасонидан беҳтар аст», - гуфтааст прокурори генералӣ.

Прокурори генералӣ ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки чанде аз мансабдороне, ки нисбаташон қаблан парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда буданд, то ҳол дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият доранд. Роҳбарони кумитаҳои заминсозии як қатор шаҳру навоҳии вилоят аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Шерхон Салимзода ҳамаи шахсони масъул ба тақсимоти заминро огаҳ кардааст, ки тақсимоти қитъаи замин бояд дар чаҳорчӯби қонун сурат гирад.