Дар қаламрави ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Истаравшан, ки қаблан барои ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дуздии амвол суд шуда буд, бо 4 кило ҳашиш бори дигар боздошт гардид.

Тавре аз Маркази робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон хабар доданд, амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд созмон дода шуда, онҳо мошини тамғаи «Нексия»-ро ба гумони интиқоли мухаддирот боздошт ва мавриди кофтуков қарор додаанд.

»Аммо баъди мусодираи ин миқдор маводи нашъадор ва аввалин пурсиш   шарики дигари гумонбар, ки шарҳванди 42-солаи ноҳияи Мастчоҳ буда, ӯ низ аз ин пеш дар Федератсияи Русия барои авбошӣ аз озодӣ маҳрум шуда будааст, низ боздошт гардид», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, пурсиш нишон додааст, ки дастгиршудагон қасди фурӯши чаканаи бори марговарро дар сар доштаанд ва ҳадаф дар як муддати кӯтоҳ соҳиб шудан ба сармояи бе дарди миён буд.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин ҳодиса шӯъбаи тафтишотии Раёсати Агентӣ тибқи моддаи 200, қ.3 (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард ва ҳоло боздоштшудагон дар тафқифгоҳи муваққатии Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд нигоҳ дошта мешаванд.