Чанде қабл дар суди ноҳияи Сино ҷаласаи навбатии судӣ оид ба парвандаи марги нозири БДА Равшан Шарифов баргузор шуд.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо аз рӯйи натиҷаҳои музокирот ътирози ҷавобӣ пешниҳод карданд. Мутобиқи муқаррароти Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ, пас аз эътирози ҷавобӣ судя ба судшавандаҳо ба сухани охирин ҳуқуқ медиҳад.

Аммо адвокати ҷониби ҷабрдида Шӯҳрат Қудратов гуфт, ин қисмати мурофиаи судӣ ба имрӯз мавқуф гузошта шуд. Пас аз сухани охирини судшавандаҳо судя ҷиҳати қабули ҳалнома ба хонаи машваратӣ хориҷ хоҳад шуд.

Зимни суханронӣ айбдоркунандаи давлатӣ бо дар назар доштани содир гардидани маҷмӯи ҷиноятҳо аз ҷониби судшавандаҳо барои Озодбек Одинаев 10 сол ва барои Саидмухтор Мирҷонов 9 соли маҳрумият аз озодиро талаб кард.

Дар парвандаи ҷиноии мазкур ду нафар судшавандагон дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г» (Авбошӣ), 32, қ.3 – 320 қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва 108, қ. 1 (Ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи мазкур моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Душанбе нозири БДА аз ҷониби ду нафар ҷавон мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Нозир автомашинаи онҳоро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ боздошта буд.

Мирҷонови 30-сола ва Одинаеви 26-сола дар автомашинаи тамғаи «Мерседес» (9889 РТ01) ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Қарабоев ба дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ роҳ дода, дар чорроҳаи кӯчаҳои Қарабоев ва Шестопалов ба ранги сурхи светофор автомашинаро манъ намекунанд. Нозири БДА Равшан Шарифов автомашинаи онҳоро манъ намуда, ба тартиб додани протокол дар бораи қонуншикании маъмурӣ шурӯъ мекунад. Ин ҳангом ронанда ва мусофири он аз автомашина пиёда шуда, миёни нозир ва онҳо ҷанҷол сар мезанад. Пас аз ин онҳо ба латукӯби нозир оғоз мекунанд. Дар натиҷа нозири БДА бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.