Нимаи дуюми дирӯз дар шаҳри Душанбе мурофиаи судӣ оид ба баррасии парвандаи марги нозири Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт Равшан Шарифов ба итмом расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» тавассути телефон хешовандони нозири ҳалокшуда хабар доданд, Озодбек Одинаев ба 10 ва Саидмухтор Мирҷонов ба 9 соли зиндон маҳкум шудаанд. Ҳамин муҳлати ҷазоро айбдоркунандаи давлатӣ низ талаб карда буд. Бо истифода аз қонуни афв муҳлати ҷазои маҳкумшудгон аз се як ҳисса кам карда шуд.

Дар парвандаи ҷиноии мазкур ду нафар судшавандагон дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 237, қ. 2, б. «б», «в», «г» (Авбошӣ), 32, қ.3 – 320 қ. 2 (Суиқасд ба додани пора), 328, қ. 2 (Истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият) ва 108, қ. 1 (Ба марг расонидан аз беэҳтиётӣ) айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки ҳодисаи мазкур моҳи апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст. Дар шаҳри Душанбе нозири БДА аз ҷониби ду нафар ҷавон мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Нозир автомашинаи онҳоро барои вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ боздошта буд.

Мирҷонови 30-сола ва Одинаеви 26-сола дар автомашинаи тамғаи «Мерседес» (9889 РТ01) ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Қарабоев ба дағалона вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ роҳ дода, дар чорроҳаи кӯчаҳои Қарабоев ва Шестопалов ба ранги сурхи светофор автомашинаро манъ намекунанд. Нозири БДА Равшан Шарифов автомашинаи онҳоро манъ намуда, ба тартиб додани протокол дар бораи қонуншикании маъмурӣ шурӯъ мекунад. Ин ҳангом ронанда ва мусофири он аз автомашина пиёда шуда, миёни нозир ва онҳо ҷанҷол сар мезанад. Пас аз ин онҳо ба латукӯби нозир оғоз мекунанд. Дар натиҷа нозири БДА бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол гардида, пас аз чанд рӯз ба ҳалокат расид.