Дар суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мурофиа судӣ нисбат ба ҳафтавори «Фараж» дубора барқарор шуд. Ҳафтаномаро ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ гунаҳкор медонанд. Аризаи даъвогӣ аз ҷониби сокини ноҳияи Рӯдакӣ, муовини раиси яке аз ҷамоатҳои ин ноҳия Файзиддин Азизов пешниҳод шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати нашрия Гулчеҳра Холматова хабар дод, баҳс сари масъалаи нашри мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» - 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтавори «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011) асос ёфтааст.

Дар ҳафтавор тибқи асноди судии мавҷуда дар бораи ҳодисаи садамаи нақлиёт ва аз бархӯрд бо автомашинаи дигар осеб дидани автомашинаи тамғаи «Мерседес»-и истеҳсоли соли 1990 меравад, ки таҳти идораи Ф.Азизов қарор дошт. Суди ноҳияи Рӯдакӣ аризаи шикоятии Ф.Азизовро баррасӣ карда, ронандаи автомашинаи дигарро барои расонидани зарар дар ҳаҷми 22 ҳазор доллари ИМА ҷарима бастааст.

«Дар маводи журналист ба қарори суд шубҳа оварда шуда, зикр мегардад, ки феълан арзиши  чунин навъи «Мерседес» дар бозори Тоҷикистон аз 5-6 ҳазор доллари ИМА бештар нест ва шояд маҳз ҳамин омил боиси норозигии даъвогар шуда бошад», - мегӯяд сардабири нашрияи «Фараж» Хуршеди Атовулло.

Даъвогар бар ин назар аст, ки нашрия ва журналист Зевар Шарифова шаъну шарафи ӯро паст зада, ба эътибори кории ӯ зарар расонидаанд ва барои зарари маънавӣ хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ шуд.

«Моҳи сентябри соли гузашта Азизов бо аризаи даъвогӣ нахуст ба суди ноҳиявии маҳалли иқомат ва ҳамчунин ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кард, вале бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои барасмиятдарории аризаи даъвогӣ ва сокини ноҳияи Рӯдакӣ будани даъвогар, ариза рад карда шуда буд», - гуфт Атовулло.

Айни замон ба баррасии аризаи даъвогии мазкур суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт машғул аст.

Тирамоҳи соли гузашта вакили мудофеи даъвогар ба идораи нашрия омада, бо шарти дар саҳифаҳои нашрия чоп кардани раддия ба мақола мусолиҳаву созишро пешниҳод намуд, вале аз сардабири нашрияи «Фараж» қотеона посухи рад гирифт. «Мо ба баррасии қазия бо Азизов дар суд омодаем», - мегӯяд Х.Атовулло.