Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як ҷинояткори даст ба кушторзада базудӣ дастгир шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд хабар доданд, соати 21:00-и рӯзи 26-уми май дар назди пули «Юбилейный»-и шаҳри Хуҷанд сокини 20-солаи ҷамоати Х.Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Далер Турсунов бо ҳамдиёри худ – сокини 27-солаи маҳаллаи зикршуда Абдурасул Абдурасулов вомехӯрад. Ахирӣ дар соҳил ба оббозӣ машғул будааст.
«Д.Турсунов бидуни сабаби назаррасе ба А.Абдурасулов бо корд зарба зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бар асари ҷароҳати гирифта Абдурасулов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», - гуфтанд дар РКД.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ Турсунов базудӣ дастгир шуда, рӯзи 27-уми май прокуратураи шаҳри Хуҷанд дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 104, қисми 1-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз намуд ва тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти РКД-и вилояти Суғд, дар зарфи 4 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 13 ҳодисаи одамкушӣ (ҳамин давраи соли гузашта – 15 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Додгоҳи Маскав муҳлати ҳабси боз 4 гумонбари ҳамла ба “Крокус”-ро тамдид кард
Бар асари садама дар Ашт се нафар ба ҳалокат расиданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста