Шурӯъ аз имрӯз бо қарори суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ парванда оид ба тафтишоти судии аризаи даъвогии сокини ноҳияи Рӯдакӣ Файзиддин Азизов нисбат ба ҳафтавори «Фараж» ва муаллифи мақолаи «Даҳшат дар суди Рӯдакӣ: «Мерседес» - 22 000 ҳазор доллар» (ҳафтавори «Фараж» аз 17-уми августи соли 2011), хабрнигори ҳафтавор Зевар Шарифова қатъ карда шуд.

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Фараж» Хуршеди Атовулло дар робита ба ин масъала гуфт, қатъи тафтишоти парванда бинобар сабаби аз шикоят даст кашидани даъвогар рӯйи кор омадааст. Дар ҳамин ҳол, Х.Атовулло сабаби аз даъво даст кашидани Ф.Азизовро намедонад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли гузашта Азизов бо аризаи даъвогӣ нахуст ба суди ноҳиявии маҳалли иқомат ва ҳамчунин ба суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт муроҷиат кард. Дар ариза ҳафтанома ба паст задани шаъну эътибор ва мартабаи корӣ гунаҳкор дониста мешуд. Даъвогар нашрия ва журналист Зевар Шарифоваро дар паст задани шаъну шараф  ва эътибори кории айбдор дониста, хостори пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ шуд.

Аммо чун ҳафтавори «Фараж» шахси ҳуқуқӣ нест, суди ноҳияи Фирдавсӣ даъвои ӯро рад кард. Сипас даъвогар ба Вазорати адлия муроҷиат кард ва дар навбати худ, Вазорати адлия даъворо ҷиҳати баррасӣ ба суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол кард. Аз ин ҷо даъво бозпас гирифта шуд.