Омӯзгори яке аз макотиби олии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар ришваситонӣ боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд хабар доданд, аввали ҳафтаи равон зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ маълум шудааст, ки муаллимаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд К.Р. бо мақсади ришваситонӣ ва ваъдаи ба факултаи «Кори бонкӣ» қабул кардани довталаб аз як шаҳрванд дар ҳаҷми 1 ҳазору 650 доллари ИМА пора талаб кардааст. «Омӯзгор зимни гирифтани маблағи пора бо далели шайъӣ дар утоқи кориаш дастгир шуд», - гуфтанд дар раёсат.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел дар мақомоти прокуратураи вилояти Суд парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.