Дар суди шаҳри Қӯрғонтеппа баррасии парвандаи ҷиноӣ нисбат ба собиқ муовини сардори боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритӯс Миралӣ Тошматов ва корманди дигари ин боздоштгоҳ Мусулмон Холматов оғоз гардид.

Миралӣ Тошматов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 314, қ. 1 (Суистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва 319, қ. 2 (Гирифтани пора) ва Мусулмон Холматов танҳо бо моддаи аввалӣ айбдор карда мешаванд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сармушовир оид ба корҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Бахтиёр Ҳайдаров хабар дод, риоя накардани дастурҳои мансабӣ аз ҷониби ин ду нафар ба гурехтани ду маҳкумшуда боис гардидааст.

Санаи 14-уми марти соли равон суди ноҳияи Шаҳритӯс шаҳрвандон Рӯзибой Чориев ва Рӯзибой Шерхоновро ба дуздӣ муттаҳам дониста, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон кард.

Пас аз ду рӯз кормандони боздоштгоҳи муваққатии ШКД-и ноҳияи Шаҳритӯс Тошматов ва Холматов бояд маҳкумшудагонро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол медоданд. «Аммо маҳкумшуда Шерхонов ба онҳо 100 сомонӣ маблағ пешниҳод намуда, дархост мекунад, ки иҷозат диҳанд, ҳамсарашро низ ба мошин гирифта, дар соҳили дарё дар ноҳияи Қубодиён бо ӯ мулоқот кунад», - зикр кард муфаттиш.

Пас аз ин онҳо маҳкумшудагонро бидуни дастбанд ҳамроҳӣ намуда, дар яке аз қаҳвахонаҳои сари роҳ таваққуф мекунанд, то ки ғизо тановул намоянд. «Ҳангоми наздик шудан ба боздоштгоҳи мувақкатӣ онҳо муддате маҳкумшудагонро дар мошин беназорат мегузоранд ва онҳо аз ин фурсати қулай истифода бурда, рӯ ба гурез мениҳанд», - афзуд Ҳайдаров.

Баъдтар маҳкумшудагони фирорӣ боздошт шуданд. Прокуратура нисбат ба ин амали кормандони боздоштгоҳи муваққатӣ Тошматов ва Холматов парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Дар ҷараёни тафтишот гуноҳи ҳарду исботи худро ёфта, 17-уми май парванда ба суд ирсол гардид.

Дар ҷаласаи нахустини судӣ, ки 13-уми июн баргузор шуд, Тошматов қисман ба гуноҳи худ, яъне танҳо ба суистифода аз ваколатҳои мансабӣ иқрор шуд. Суд то 18-уми июн танаффус эълон кард.