Дар ҷараёни амалиёти навбатии кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар шаҳри Душанбе, як миқдор маводи мухаддири синтетикии «экстази» дарёфт ва мусодира гардид.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, ба гумони истеъмоли маводи мухаддир як автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи сокини 30-солаи пойтахт бозошт мешавад, ки сокини 31-солаи шаҳри Душанбе низ ҳамроҳаш будааст.

«Зимни ташхиси онҳо дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии табобати нашъамандӣ маълум шуд, ки ҳарду боздоштшуда таҳти таъсири маводи мухаддири синтетикии «Амфитамин» қарор дошта, аз дохили автомашина низ ҳабҳои рангашон сафед ва зарди дорои маводи нашъаовари – «экстази» дарёфт гардиданд», - гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни тафтиш ошкор шудааст, ки маводи мухаддири синтетикиро онҳо барои истеъмоли шахсӣ дастрас кардаанд. Боздоштшудагон дар тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ нигаҳдорӣ шуда, тафтиш идома дорад.