Адвокати коллегияи адвокатҳои шаҳри Хуҷанд зимни гирифтани пора бо далели шайъӣ дастгир шуд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, чанде қабл як зан, сокини ноҳияи Спитамен М.Д. ба Раёсати мазкур муроҷиат намуда, дархост кардааст, ки нисбати адвокати коллегияи  адвокатҳои шаҳри Хуҷанд З.И. чораҳои қонунӣ андешида шаванд.

Ӯ изҳор намудааст, ки дар ҷараёни тафтишоти пешакии парванда нисбат ба писараш адвокат бо роҳи фиреб аз ӯ дар ҳаҷми 4 ҳазор доллари ИМА маблаги пулӣ талаб карда гирифтааст. «Пас аз содир шудани ҳукми 8,5 соли зиндон ба писараш, адвокат боз аз модари ӯ гӯё барои мусоидат карданаш ба сабукии ҳукм дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари ИМА маблағи пулӣ талаб кардааст», - гуфтанд дар раёсат ва илова намуданд, ки адвокат зимни гирифтани мабалғи пулӣ дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати адвокати боздоштшуда мутобиқи моддаи 247, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсаати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд, дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 66 далели қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст.