Сарбоз ва ҳамзамон фелдшери гарнизони ҳарбии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ Усмон Ғайратов сарбоз Шаҳбол Мирзоеви 23-соларо лату кӯб карда, гардани ӯро шикастааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» падари сарбози ҷабрдида Нуъмон Мирзоев ва худи сарбоз, ки айни замон дар бинои 5-уми Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) бистарӣ аст, хабар доданд.

Ба гуфтаи Шаҳбол Мирзоев, ӯ рӯзи 6-уми март бо дарди дандон ба табиби қисми ҳарбиаш муроҷиат кардааст, вале баъдтар дар саҳни ҳавлии бунгоҳи тиббӣ фелдшер Усмон Ғайравтов ҳамроҳи дигар фелдшерҳо ӯро мавриди таҳқир қарор дода, бесабаб мавриди лату кӯб қарор додаанд ва аз ҳама бештар ӯро Усмон Ғайратов задааст. Дар натиҷа гардани сарбоз шикаста, пои чапаш аз ҳаракат бозмондааст ва ҳарду дастонаш осеб дидаанд.

Шаҳбол Мирзоев илова намуд, ки каме баъдтар вақте ӯ шикоят кардааст, ки пойҳояшро ҳис намекунаду тамоми ҷисмаш дард мекунад, фелдшерҳо ӯро ба кабинет дароварда, бо ба пойҳояш рехтани оби гарму сӯзанзанӣ ҳиссиёти ӯро санҷиданӣ шудаанд.

Танҳо пас аз гузашти 15 соат ӯ ба Маркази миллии тиббӣ оварда шудааст. Гузашта аз ин, Усмон Ғайратов ба ӯ таҳдид кардаву маҷбур кардааст,  қасам бихӯрад, ки дар бунгоҳи тиббии гарнизони ҳарбӣ чӣ воқеъа рух доданро ба табибон намегӯяд.

Падари сарбоз изҳор намуд, ки аз рух додани ин ҳодиса огаҳ гардида, дарҳол аз муҳоҷирати корӣ аз Русия баргаштааст, зеро писараш ба ҷарроҳӣ зарурат дошта, ин ҷарроҳиро дар Тоҷикистон гузаронидан ғайриимкон мебошад.

Шаҳбол Мирзоев дар бораи лату кӯб танҳо пас аз фаҳмидани он, ки дигар ба хизмати ҳарбӣ барнамегардад, ба наздиконаш ҳикоят кардааст. Падари ӯ қайд кард, ки Шаҳбол ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Ӯ хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мебошад.

«Маълумоте мавҷуд аст, ки падари фелдшер Усмон Ғайратов дар мақомоти прокуратура кор мекардааст. Ман дақиқ намедонам, ки дар куҷо, вале мегӯянд, ки маҳз бо сабаби дар мақомот кор кардани падараш, ӯ ба чунин кирдорҳои бераҳмона нисбати сарбозон роҳ медиҳад», - афзуд Нуъмон Мирзоев.