Ҳафтаи сипаришуда кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ  3 амалиёт гузаронида, дар натиҷа аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 102 кг маводи нашъаоварро мусодира намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, барои содир намудани ҷиноятҳои мазкур чор нафар шаҳрвандони кишвар: се нафар сокинони шаҳри Душанбе ва як нафар сокини вилояти Суғд дастгир шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳамаи боздоштшудагон ба тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. Чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ оид ба ҷалб намудани шахсони дастдошта ба ҷиноятҳои мазкур давом доранд.