Дар шаҳри Хуҷанд сокини маҳаллӣ ва собиқ маҳкумшуда ба гумони даст доштан дар ҳодисаҳои ғоратгарӣ боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ хабар доданд, чанде қабл як сокини ноҳияи Ғончӣ ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки шомгоҳон шахси номаълуме аз дасти ӯ борхалтаашро, ки дар дохили он 4 ҳазор сомонӣ маблағ, телефони ҳамроҳ ва шиносномааш буд, кашида гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба иттилои манбаъ, муайян карда шудааст, ки шахси ба ин шаҳрванд дарафтода собиқ маҳкумшуда барои дуздӣ, сокини 26-солаи шаҳри Хуҷанд М.Д. мебошад, ки базудӣ дастгир шудааст. «Зимни тафтиш ҳамчунин ошкор гардид, ки боздоштшуда як рӯз қабл дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ даст ба ғоратгарӣ зада, гӯшвории тиллоии арзишаш 350 сомониро аз духтари 5-сола рабудааст», - гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далелҳо нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 248-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда , тафтиш идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 21 далели ғоратгарӣ ба қайд гирифта шудааст.