Сармуҳосиби Донишкадаи исломии Тоҷикистон Нишон Ниёзов ба содир намудани ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Нишон Ниёзов давоми фаъолият дар ин вазифа аз моҳи октябри соли 2013 то моҳи марти соли 2014 мунтазам тариқи сохтакории ҳуҷҷатҳо ба азхудкунии маблағҳо машғул будааст.

Аз ҷумла, ӯ ғайриқонунӣ ба номи худ дар «Тоҷиксодиротбонк» суратҳисоби музди меҳнат кушода, ба суратҳисоби худ мунтазам аз ҳисоби андоз аз шахсони воқеӣ маблағи 71,3 ҳазор сомониро ҳамчун музди маош интиқол додааст. Баъдан ӯ ин маблағҳоро аз нуқтаҳои банкоматҳои дар ҳудуди шаҳри Душанбе васлнамудаи ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» гирифта, онҳоро тасарруф ва ба давлат ба микдори калон зарари молиявӣ расонидааст.

Гуфта мешавад, оиди ҳолати мазкур нисбати Ниёзов Н.С. бо моддаҳои 245 қисми 3 банди «а» (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.