Маълумоти аввали ҳафтаи равон интишоршуда дар бораи муроҷиати раҳбарияти ширкати русиягии Rolkan Investments Ltd ба Суди олии Тоҷикистон бо дархости бекор кардани қарори соли 2011 қабулшуда оид ба мусодираи ду адад ҳавопаймои АН-72 ва ба моликаш баргардонидани онҳо асоси воқеӣ надорад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Суди олии ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода хабар дод.

«Раҳбарияти Rolkan Investments Ltd дар бораи бекор кардани қарори мусодираи ду адад ҳавопаймои АН-72 ва ба моликаш баргардонидани онҳо расман бори охир аввали соли 2013 муроҷиат намуда буд, аммо 26-уми феврали соли гузашта Cуди олии Тоҷикистон расман дархости онҳоро рад кард», - қайд кард Амирбекзода.

Дар идома ӯ зикр кард, ки пас аз ин аз ҷониби намояндагони ширкати ҳавопаймоии русиягии Rolkan Investments Ltd ба унвони Суди олӣ дигар ҳеҷ муроҷиате ворид нашудааст.

Қобили зикр аст, ки қазияи марбут ба ҳавопаймоҳои Ан-72 ҳанӯз соли 2011, ҳангоме ки халабонон (лётчикҳо)-и Rolkan Investments Ltd аз Кобул баъди интиқоли бор ба нерӯҳои ISAF бармегаштанд, рух дод. Халабонон барои убури марзи Тоҷикистон иҷозатнома доштанд. Аммо диспетчерҳо изҳор намуданд, ки иҷозатнома мавҷуд нест ва баргаштани ҳавопаймоҳоро талаб карданд. Чун сӯзишворӣ дар арафаи анҷомрасӣ буд, ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа нишаста, аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуданд.  

Суд халабононро гунаҳкор эътироф намуда, ҳар кадомеро ба 2,5 соли зиндон маҳкум кард, вале бар асоси қонуни афв онҳо аз толори суд озод карда шуданд. Ҳавопаймоҳо бошанд, ба тавозуни Кумитаи давлатии амволи Тоҷикистон гузаронида шуданд, ки метавонад онҳоро ба савдо гузорад. Аммо тибқи маълумоти мавҷуда, ҳавопаймоҳо то ҳол дар қаламрави фурудгоҳи Қӯрғонтеппа қарор доранд.