Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд кӯшиши интиқоли маводи сахттаъсири героинро пешгирӣ намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, рӯзи 22 август дар натиҷаи гузаронидани амалиёти бисёрмарҳила, ки зиёда аз ду моҳ давом намуд, кормандони Агентӣ сокини 40-солаи ноҳияи Варзобро дастгир намуданд, ки аз ӯ дастаҳои селлофанӣ бо маводи нашъаовар мусодира гардид.

Мутобиқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи нашъаовари мусодира гардида героин буда, вазни он зиёда аз 3 килограммро ташкил менамояд.

Тавре тафтишоти пешакӣ муайян намуд, боздоштшуда соли 2010 аз тарафи суд барои қаллобӣ дар ҳаҷми хусусан калон ба ҷазои ҷиноӣ ҳукм шуда буд.

Нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.