Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ корманди ротаи махсуси зудамали милитсияи ВКД Тоҷикистон Азаматулло Шукуровро ба гумони порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ба ҳабс гирифтанд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Агентии зиддифасод, корманди милисаи ҳабсшуда ба боварии шаҳрванд Камолов даромада, ӯро ваъда медиҳад, ки дар ротаи махсуси зудамали милитсияи Вазорат ҳамчун ронанда ба кор монда ва тавсия медиҳад, ки дар оянда барои гирифтани рутбаи ҳарбӣ бояд маълумоти олӣ дошта бошад. «Баъдан Шукуров охиринро бовар мекунонад, ки бар ивази маблағи 1000 доллари ИМА метавонад ӯро дар Донишкадаи ҷисмонӣ ба гуруҳи ғоибона дохил кунад», - зикр мегардад дар хабар.

Ба иттилои манбаъ, А.Шукуров кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома дода, боз барои ҷудо намудани қитъаи замин ва дар оянда соҳиб шудан дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат, аз номбурда маблағи 23 900 доллари ИМА гирифта, ваъда медиҳад ки ин корро ҳам амалӣ мекунад, аммо баъди гирифтани маблағҳои мазкур ягон ваъдаҳои додаашро иҷро накарда, ба шаҳрванд Камолов дар маҷмӯъ ба миқдори 24 900 доллари ИМА зарари махсусан калон расонидааст.

Гуфта мешавад, оид ба ҳолати мазкур нисбати А.Шукуров мутобиқи моддаи 247-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, айни ҳол тафтишот идома дорад.