Кормандони Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз ҳодисаи навбатии қочоқ ва ғайриқонунӣ ба фурӯш баровардани телефонҳои ҳамроҳ ҷилавгирӣ намуданд.

Тавре маркази матбуоти Хадамоти гумруки ҶТ хабар медиҳад,  телефонҳои ҳамроҳ аз Чин ворид шуда, дар қаламрави вилояти Суғд фурӯхта мешудаанд.

«Дар пайвастагӣ бо мусодираи 4558 адад телефонҳои мобилӣ, ки ба ду нафар шаҳрвандони Чумҳурии Хитой тааллуқ дошт, дар вилояти Суғд, шаҳри Хучанд боз ду нафар тоҷир Хуан Итаув ва Чин Зенг Жиншенг мавриди санҷиш қарор гирифтанд, ки аз онҳо дар ҷамъ 7249 адад телефонҳои мобилӣ мусодира карда шуд», - гуфта мешавад дар иттилои хадамот.

Гуфта мешавад, номбурдаҳо низ ғайриқонунӣ ва бидуни барасмиятдарории гумрукӣ телефонҳои мобилиро харидорӣ намуда, ба фуруш баровардаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки оиди ҳолатҳои мазкур парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо дастрасии моддаи 597 Кодекси маъмурӣ ҳуқуқвайронкунии ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.