Муҳлати ҳабси Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов боз ду моҳи дигар - то 21-уми ноябр дароз карда шуд.

Раҳматилло Зойиров, адвокати Шуҳрат Қудратов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рӯзи 19-уми сентябр ин қарор қабул шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, корманди Агентии зиддифасод аз суд дархост намудааст, ки бинобар сабаби душвории тафтиши парванда, муҳлати ҳабси гумонбаршуда боз ду моҳи дигар дароз карда шавад ва дар навбати худ, суд ин дархостро қонеъ намудааст.

Шуҳрат Қудратов 21-уми июли соли равон боздошт ва дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии зидддивасод нигаҳдорӣ мешуд. Баъдан ӯро ба тавкифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ гузарониданд. Худи ҳамон рӯз нисбати ӯ мутобиқи моддаҳои 36 (Шарикони ҷиноят), 32 (Тайёрӣ ба ҷиноят, суиқасди ҷиноят) ва 320 (Додани пора)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвнадаи ҷиноӣ боз шуд.

Зойиров қайд кард, ки аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт шикояти кассатсионӣ бурданист. «Чунки барои таҳти ҳасб қарор доштани зерҳимояи ман боз муддати 2 моҳи дигар ҳеҷ зарурате нест. Ӯро мебояд таҳти забонхати тарк накардани маҳалли сукунат озод кард», - гуфт номбурда.

Қаблан дар робита ба ин қазия иттилоъ дода будем, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон сабти аудиоиеро, ки бояд дар он гунаҳкории Шӯҳрат Қудратов собит шавад, ба адвокати ӯ Раҳматилло Зойиров дод.