Агентии мубориза бо коррупсияи Эрон аз ҳукуматдорони Тоҷикистон даъват кардааст, ки дар кори мусодираи амволи соҳибкори боздоштшудаи эронӣ Бобаки Занҷонӣ ҳамкорӣ кунанд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, ҳукуматдорони Эрон ҷиҳати баргардонидани қарзи бонкии соҳибкори эронӣ тадбирҳо меандешанд.

Вакили парлумони Эрон Юсуфиён Мулло дар ин робита изҳор намудааст, ки агар ҳукумат ба баргардонидани маблағҳои худ шитоб надошта бошад, дар сурати ногувор ҷараёни гирифтани қазия, амволи дар хориҷи кишвар қарордоштаи Занҷонӣ тариқи мансабдорони маҳаллӣ соҳибони нави худро пайдо мекунад.

Юсуфиён Мулло ҳамчунин зикр кардааст, ки тафтиши парвнадаи Бобаки Занҷонӣ хуб ҷараён дорад. «Барои ба ҳалли масъала ҷалб намудани худи Занҷонӣ эҳтиёҷе нест. Мо дар Тоҷикистону Малайзия ва дигар кишварҳо, ки дар онҳо амволи Бобаки Занҷонӣ мустақар аст, мушовирони иқтисодӣ дорем», - гуфтааст вакили парлумони Эрон.

Ёдовар мешавем, тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабри соли 2013 дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, Занҷонӣ дороии худро аз фурӯши нафти хом тариқи ширкатҳои пинҳонӣ ба даст овардааст. Дар ин робита ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тоҷири эрониро барои риоя накардани таҳримҳои ҷоришуда нисбати Эрон ба «рӯйхатҳои сиёҳ»-и худ шомил сохтанд. Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз "Kont Investment Bank" ҳамчунин соҳиби имтиёзи ширкатҳое чун "Asian Express Airline", Kont Buil-ding, "Asian Express" аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Раҳбарияти Kont Investment Bank муносибат доштани бонк бо тоҷири эронӣ Бобак Занҷониро  рад намуда , изҳороти Вазорати молияи ИМА дар бораи қатъи амали дороиҳои бонкро беасос арзёбӣ кард.

Ахири моҳи январи соли ҷорӣ зимни нишасти хабарӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов дар мавриди ин қазия изҳор карда буд , ки Бонки миллии Тоҷикистон ба қазияи тоҷири маъруфи эронӣ Бобак Занҷонӣ рабте надорад.