Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар( ОБНОН)-и ШВКД ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд бо далели порагирӣ боздошт шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд хабар дод, ӯ аз ҷониби кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд боздошт шудааст.

«Сардори Шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар барои ба парвандаи ҷиноӣ ҷалб накардани нашъаҷаллоб ба маблағи 3 ҳазор доллар пора гирифт», - иттилоъ дод манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел мутобиқи моддаи 319, қисми 2 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, сардори шуъба ба ҳабс гирифта шудааст. Аз ифшои ҷузъиёти дигари масъала ба хотири халалдор накардани ҷараёни тафтишот худдорӣ варзида шуд.