Суди ноҳияи Рӯдакӣ сокини маҳаллӣ Ҷамолиддин Муҳиддиновро барои даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовари сахттаъсири героин ба 19 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.

Бино  ба маълумоти дафтари матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ, моҳи феврали соли 2005 Муҳиддинов ва ҳаммаслакони ӯ дар қаламрави ноҳияи Ҳамадонӣ аз “Абдухолиқ” ном шахси ба тафтишот номаълум, шаҳрванди Афғонистон ба маблағи 40 ҳазор доллар 136,4 кило героин мехаранд.

«Маводи нашъаоварро дар деҳаи Нишони Ленини ҷамолати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ пинҳон мекунанд. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ин огаҳӣ ёфта, онро мусодира мекунанд. Он замон ба Муҳидинов муяссар мешавад, ки паноҳ барад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Прокуратури генералӣ ва қайд кард, ки маҳкумшуда муддати 13 сол гуреза буда, танҳо соли 2017 боздошташ муяссар гардидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, аз моҳи феврали соли 2005 то соли гузашта Муҳиддинов мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта, бо ҳузур дар Тоҷикистону берун аз ҳудуди он тез-тез макони зисташро иваз мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.