Сокини шаҳри Душанбе Эркинҷон Муқумов барои паст задани шаъну эътибор, ҳамчунин доимо хурдагириву айбҷӯӣ нисбати ҳамсараш ба муддати 7 рӯз ҷазои ҳабс гирифт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, нисбати ӯ моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ татбиқ шуда, бо қарори суди ноҳияи Синои пойтахт барои рафтори ношоям ӯ 7 рӯзро дар ҳабс паси сар мекунад.

Гуфта мешавад, сокини маҳаллаи Зарафшони пойтахт бо ариза нисбати шавҳараш ба мақомоти милитсия муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки ҳамсараш пайваста дар ҳолати сархушӣ ба хона омада, ӯро дашномҳои қабеҳ ва шаъну шарафи ӯро дар назди дигар аъзои оила паст мезадааст.

“Санаи 1-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҳолати мастӣ ба хонааш омада, ҳамсарашро ҳатто дар назди фарзандон ва берун аз муҳити хонавода дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, бо чунин тартиб оромии шаҳрвандонро халалдор карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст”, - омадааст дар маълумоти ВКД.

Қобили зикр аст, ки моҳи гузашта барои дағалгуфторӣ сокини дигари шаҳри Душанбе Убайдулло Бураков ба муҳлати 5 рӯз ҳабс шуда буд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун “ҷияни генерал” маъруф шуд. Дар навори видео ӯ ронандаи автомашинаи «Toyota Сorolla»,  ронандаи маршрутка ва одамони гирду атрофро таҳқир намуда, изҳор медошт, ки касе бо ӯ ҳеҷ коре карда наметавонад, зеро “ҷияни генерал” аст”.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.