Сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар)-и вилояти Суғд ҳангоми гирифтани пора ба маблағи 1 ҳазор сомонӣ боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ, сардори ШБДА-и мақомоти милитсияи маҳаллӣ Фирдавс Ғаффоров аз сокини маҳаллӣ, ронандаи дучарха (мотосикл) 2 ҳазор сомонӣ пора талаб мекунад. Ба ивази он ба ронанда ваъда медиҳад, ки ӯро минбаъд аз ҷавобгарии маъмурӣ озод мекунад.

Гуфта мешавад, то замони боздошт корманди БДА аз ронандаи дучарха ба сифати пора 1 ҳазор сомонӣ маблағ мегирад. Ҳангоми гирифтани маблағи боқимондаи 1 ҳазор сомонӣ ӯ бо далели шайъӣ боздошт мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Ғаффоров мутобиқи моддаи 319 (Гирифтани пора) КҶ Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардидааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.