Командири взводи қисми ҳарбии 07017-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз сарбоз ба сифати пора автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz дархост намудааст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии зиддифасод, афсар Амиршо Раҳмонов аз сарбози зертобеъаш барои аз адои минбаъдаи хизмати ҳарбӣ озод намудан 15 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.
“Вале вақте мефаҳмад, ки барои пайдо кардани ин миқдор маблағ падари сарбоз автомашинаи шахсии тамғаи Mercedes-Benz-ашро фурӯхтанист, дархост менамояд, ки ин автомашина ба номи ӯ ба расмият дароварда шавад”, - омадааст дар маълумот.
Гуфта мешавад, афсар аз ҷониби кормнадони Агентӣ ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ ва ба номи худ ба расмият даровардани автомашина дастгир шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, баъди ба итмом расидани тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Дар Душанбе намояндагии Хадамоти шиносномавӣ - раводидии ВКД Русия боз шуд. Ин ба муҳоҷирони кории тоҷик чӣ медиҳад?
Дар Тоҷикистон боз раъду барқу борони сел дар назар аст
Дар Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадиро ҷашн мегиранд
“Шеъраш тасвири зебои шоирона дорад”. Дар Душанбе шаби эҷодии Кӯҳзоди Фатҳулло баргузор шуд
Хоҳиши расмӣ аз Путин: Толибонро аз рӯйхати террористон берун кунед
Зеризаминӣ ё рӯизаминӣ? Дар Душанбе бори дигар масъалаи сохтмони метро баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор гектар замин бе об монд
“Мепурсанд, ки магар наметарсед?”. Кору рӯзгори заноне, ки дар Тоҷикистон ба кирокашӣ машғуланд
Давлаталӣ Саид: Барои бунёди корхона ба як ширкати чинӣ замин ҷудо кунед
Эмомалӣ Раҳмон муҳимияти тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷиронро таъкид кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста