12 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи гуруҳи корӣ оид ба идораи ислоҳоти милитсия баргузор мегардад.

Ба ҷаласаи мазкур роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Барномаи рушди СММ, Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ, Сафирони Сафоратхонаҳои ИМА, Россия, Олмон, Фаронса, Англия, Хитой, Ҷопон, Туркия, Арабистони Саудӣ, Қатар ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва коршиносон даъват шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз ВКД ба “Азия-Плюс” гуфт, ки мавзӯи аслии ҷаласаи мазкур пайдо кардани маблағгузор барои табдили номи милитсия ба политсия аст.

“Маблағе, ки имрӯз аз буҷа барои табдили номи милитсия ба политсия, омода кардани либос барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷудо шудааст, кофӣ нест. Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласаи мазкур маблағгузор пайдо мешавад”,-гуфт манбаъ.

Ба қавли ӯ намунаи либосҳои нав барои кормандони милитсия омода аст, аммо барои истеҳсоли зиёди он маблағ кофӣ нест.

Милитсия гум мешавад

Қаблан гуфта мешуд, ки дар либоси нав ба ҷойи навиштаҷоти қаблии “Милитсия” “Политсия” навишта мешавад ва тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо он таъмин мегарданд.

Тирамоҳи соли гузашта ВКД барои таҳияи тарҳи либоси нав ва нишонаҳои фарқкунандаи он озмун эълон карда буд.

Гуфта мешуд, ки ҳангоми таҳияи тарҳ ва унсурҳои либоси нав бояд шароити Тоҷикистон ба инобат гирифта шавад. Либоси кормандони БДА бояд ҷузъҳои инъикоскунандаи рӯшанӣ дошта бошанд.

“Либоси нав бояд боиси ифтихор ва эҳтироми на фақат кормандони милитсия, балки шаҳрвандони одӣ низ бошад”,- гуфта мешуд он замон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.