Ду ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Бохтар бо гумони даст доштан дар ҷинояти дуздӣ боздошт шудаанд.

Тибқи иттилои ВКД, аризаи марди 44-солаи сокини деҳаи Гулбутта ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ворид гардидааст, ки шахси номаълум шаби 1-ум ба 2-юми январ, тахминан соати 3:00 автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Вектра”-ро, ки дар назди ҳавлии истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст.

Зимни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 22-солаи сокини ноҳияи Рӯдакиро бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт бидуни мақсади тасарруф дастгир карданд.

Акс аз vkd.tj

Инчунин ба ШВКД дар шаҳри Бохтар аризаи марди 30-сола ворид шудааст, ки шаби 15 ба 16-уми декабри соли 2019 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони компютериаш, воқеъ дар кӯчаи С.Айнӣ ворид шуда, аз он асбобҳои компютерӣ ва қисмҳои принтери калонҳаҷми тамғаи “Плотери Инфинити”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 31 ҳазору 40 сомониро ташкил додааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини шаҳри Бохтар ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир шудааст.

Аз рӯйи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.