Шаҳрвандони боздоштшудаи Қирғизистон пас аз муноқиша дар сарҳади Тоҷикистону ҳамсоякишвар як моҳ дар ҳабс қарор хоҳанд дошт. Онҳо ба иғвоангезии муноқиша дар сарҳад гумонбар дониста мешаванд.

Тавре хабаргузории 24.kg бо истинод ба хадамоти матбуоти РКД Ботканд иттилоъ медиҳад, суди ноҳияи Қадамҷой чанде қабл дар ин хусус қарор қабул кардааст.

Барои шикастани шишаи мошини шаҳрванди Тоҷикистон милитсия шоми 11-уми январ Нурбек Сапарбаев, Усен Сапарбаев, Зайнидин Бердиев ва Улуғбек Сапарбаевро боздошт кардааст.

“Аз рӯйи ин ҳодиса мутобиқи моддаи “Авбошӣ” парванда оғоз шуда, 4 сокини деҳаи Кӯк-Тош ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуданд”, - изҳор доштаанд дар РКД вилояти Ботканд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Исфара гуфтушуниди ҳайати ҳукуматҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуда, зимнан масоили таъйин ва аломатгузории хатти сарҳади кишварҳо баррасӣ мешавад.

Ба ҳайати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини сарвазир Азим Иброҳим прокурори генералӣ, раиси КДАМ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ва намояндагони Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ шомиланд.

Ҳайати кишвари ҳамсояро муовини сарвазири Қирғизистон Жениш Раззоқов роҳбарӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.