Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода имрӯз, 8 июн ба гумони даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шуд.

Тавре маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар медиҳад, қаблан Хурсандалӣ Хуррамов (27 май), ронандаи шахсии Иноятзода ва Фирӯз Қурбонов (3 июн), мудири қабулгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ба иттиҳоми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд.

“Дар рафти тафтишоти пешакӣ онҳо баёнот додаандд, ки ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳри Кӯлоб содир намудаанд”, - қайд мешавад дар маълуомти КДАМ.

Ғайр аз ин, қайд мешавад дар хабар, аз сокинони шаҳри Кӯлоб доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр якчанд ариза ворид гардида, ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд.

Аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Лекин дар маълумоти КДАМ дар бораи маҳз ба кадом амалҳои коррупсионӣ гумонбар дониста шудани Иноятзода маълумот дода намешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.