Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки гуруҳи “Авангард” дар ин ниҳод сабти ном нашудааст. Муовини вазири адлияи Тоҷикистон Асадулло Ҳакимзода дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун ҳаракати ҷамъиятии “Авангард” барои сабти ном шудан ба вазорати адлия муроҷиат накардааст.
“Ҳаракати ҷамъиятии мазкур дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Аммо вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст. Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар вазорати адли он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”,-мегӯяд муовини вазир.
Гуруҳи “Пешоҳанг” ё “Авангард” бино ба маълумоте, ки ба расонаҳо пешниҳод кардаанд, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Онҳо аввалин ҷаласаи созмони худро дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор намуданд.
Аммо мақоми ҳуқуқии ин гуруҳ ё ҳаракати ҷамъиятӣ ҳамеша мавриди баҳс қарор дорад. Ин ҳам дар ҳоле, ки ин гуруҳ тақрибан дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар филиал ё намояндагиҳои худро дорад, ки сари чанд вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фаъолиятҳои худ гузориш нашр мекунанд.
Дар оғози ин гуруҳ мақсади ташкили ин созмон мубориза бо ифротгароӣ номида мешуд, вале баъдан онҳо ба танқиди мунтақидони ҳукумат пардохтанд. Онҳор давоми 5 соли фаъолияташон дар назди чанд сафорати кишварҳои ғарбӣ дар Душанбе низ бо ҳадафи “баргардондани террористон” аз Аврупо гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Коре, ки барои гуруҳу созмонҳои дигар имконпазир намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таваққуфгоҳҳои холиву роҳҳои пур аз мошин. Чаро сокинон мошини худро дар таваққуфгоҳи зери биноҳо намегузоранд?
“Ялдо таваллуди офтоб аст”. Гузориш аз ҷашни Ялдо дар яке аз деҳаҳои Тоҷикистон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 декабри соли 2024
Комиссияи марказии интихобот шумораи интихобкунандагонро эълон ва нуқтаҳои овоздиҳиро маълум кард
ФАВРӢ! Боздошти 4 нафар бо гумони кушторҳои пайдарпай дар Конибодом
Шаби Ялдо. Сокинон то куҷо аз ин ҷашн ва анъанаҳои он огоҳанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 декабри соли 2024
Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон аз ҳама бештар аз Чин вобаста будааст
Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ 5 номзад пешниҳод кард
Дар радабандии кишварҳои шукуфо Тоҷикистон ба гурӯҳи “сатҳи хеле пасти рушд” шомил шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста