Интизор меравад, ки Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия шомили қонуни авф шуда, ба озодӣ барояд. Дар ин бора, вакили дифои Иззат Амон - Саидбурҳон Шарифов ба “Азия плюс” хабар дод.
Мавсуф гуфт, ки тақрибан қарзи ҳамаи даъвогарон пардохт гардида, ҳафтаи оянда ӯ барои татбиқи қонуна авф нисбаташ ариза пешниҳод мекунад.
Ӯ гуфт, танҳо 12,5 ҳазор сомонии дигар қарзи даъвогарон мондааст, ки аз сабаби дар роҳи дур будани соҳибони қарз онҳо натавонистанд, то ҳол онро пардохт кунанд.
- Аз яке 12 ҳазор ва аз дигаре 500 сомонӣ қарзи дигар боқӣ мондааст. Даъвогарон аз ноҳияҳои дурдаст мебошанд. Мутаассифона, онҳоро пайдо карда натавониста истодаем. Имрӯз ё пагоҳ онҳоро ёфта, зарарро барқарор мекунем, - гуфт Шарифов.
Ӯ дақиқ нагуфт, ки то ба ҳол чӣ қадар зарар барқарор шудаст, танҳо гуфт, ба ғайр аз ҳамин ду нафар ҳамаи зарар барқарор шудааст.
- Моддаи 5 Қонуни авф мегӯяд, ки баррасии парвандаҳое, ки зарари иқтисодӣ дошта бошанду зарар пурра талофӣ шуда бошад, парвандаҳо бояд қатъ карда шаванд. Ҳоло парванда қатъ нашудааст. Вақте то охирин ҷабрдида зарараш талофӣ карда шавад, баъд ариза аз номи гумонбар барои шомил намудан ба авф пешниҳод мешавад ва дар асоси авф парванда қатъ карда мешавад, - шарҳ дод вакили дифоъ.
Аз ин пештар, вакили дифои Иззат Амон изҳори умедворӣ намуда буд, ки бо эълони афв ба муносибати 30-солагии Истиқлол парвандаи Иззат Амон шомили афв мешавад. Ба гуфтаи ӯ, Иззат шонси сад дарсадии афв шуданро дорад.
Иззат Амон, роҳбари "Маркази тоҷикон" дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва наздиконаш ба расонаҳо гуфтанд, ки дигар ӯро пайдо карда наметавонанд. Баъдан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Русия ҳаққи шаҳрвандии Иззат Амонро бекор ва ӯро ихроҷ кардаасту ӯ ба Душанбе баргаштааст.
ВКД гуфт Иззат Амонро дар Душанбе боздошт кардааст ва алайҳи ӯ бо гумони "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст. Ин модда ҷарима ва ё то 12 сол зиндонро пешбинӣ мекунад.
Ба иттилои Додситони кулли кишвар, чанд нафар даъво кардаанд, ки гӯё Иззат Амон онҳоро дар Русия фиреб додааст. Шариф Қурбонзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти корҳои дохилии Додситонии кулли Тоҷикистон, дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, ки то кунун алайҳи Иззат Амон 12 шаҳрванд муроҷиат кардааст, ки гумонбар давоми солҳои 2014-2020 аз онҳо маблағҳои гуногунро барои анҷом додани корҳои муайян гирифта, фиреб додааст.
"Ҳаҷми умумии зарари расида ба 12 нафар 630 ҳазор рубли русӣ ва 1000 доллари амрикоиро дар бар мегирад", - гуфта буд ин масъули Додситонии кулл.
Қазияи Иззат Амон яке аз қазияҳои пурсарусадо дар Тоҷикистон аст. Баъди дар Русия бедарак ва дар Тоҷикистон боздошт шудани ин ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия даст ба эътирози оммавӣ заданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Даргузашти Соя, муаллифи шеъри маъруфи “Лаби хомӯш", ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дошт
Aleph ва Reddit хидматрасони таблиғгарон дар бозорҳои рушдёбандаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошанд
Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир
Таҳримҳои зидди Русия ба афзоиши содироти маҳсулоти соҳибкорони тоҷик сабаб шуд
Як ронанда дар Душанбе барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд
Дар Туркия Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ оғоз шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон 123 нафар ғарқ шуданд
Дар Олимпиадаи Ҳиндустон се шоҳмотбози тоҷик меъёрҳои устоди байнулмилалиро иҷро карданд
Пешниҳоди таъсиси гуруҳ ба диаспораи ӯзбекон дар Перм барои иштирок дар ҷанг бо Украина
Фурӯши билет ба қатораҳои самти Русия оғоз шуд. Чанд пул нарх дорад ва дар куҷо метавон харид?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста