Милитсияи шаҳри Душанбе ба гумони даст доштан дар 40 ҳолати дуздӣ сокини 21-солаи пойтахт Умед Каримовро боздошт намуд.
Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, Каримов дар содир намудани зиёда аз 40 ҳолати ҷинояти дуздӣ аз автомашинаҳо гумонбар дониста мешавад. Маблағи зиёни расида ба соҳибони автомашинаҳо аз 1 ҳазор сомонӣ то 10 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.
Гуфта мешавад, бар асоси зиёд шудани шумори муроҷиатҳо аз ҷониби шаҳрвандон дар бораи шикастани оинаҳои автомашинаҳо бо мақсади дуздӣ кормандони милитсия як силсила амалиёт роҳандозӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Каримов сокини кӯчаи Маяковскии пойтахт буда, қаблан ҳам барои дуздӣ маҳкум шудааст.
Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шудааст, ки ӯ шабона ба “шикор” мебаромадааст. Ӯ асосан шишаҳои паҳлуи автомашинаҳоро шикаста, маблағҳои пулӣ ва дигар ашёи арзишмандро аз дохили автомашинаҳо тасарруф ва аз они худ мекардааст.
“Тавре маълум шуд, танҳо дар як шаб дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино боздоштшуда шишаҳои паҳлӯи дари 8 мошинро шикаста, ба моликони онҳо зарари моддӣ расонидааст. Чунончи, аз автомашинаи тамғаи «Хундай», ки ба як нафар сокини пойтахт тааллуқ дорад ва дар назди бинои истиқоматиаш меистод, оинаи қисмати чапашро шикаста аз дохилаш 5 ҳазору 600 сомонӣ маблағи нақдро тасарруф ва аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад”, - зикр мешавад дар хабари Раёсати ВКД дар пойтахт.
Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи “244 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Дуздӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот ҷараён дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.