Имрӯз, 7 январи соли 2022 Додгоҳи олии Тоҷикистон ду гумонбари қатли Алиризо Худоёров, як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Раштро ба 17 ва 19 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” амаки марҳум Ҷунайдулло Худоёров хабар дод.
Номбурда гуфт, ки додраси Додгоҳи олӣ гумонбарон Зафарҷони Насриддин ба 19 ва Азимов Абдуллоро ба 17 соли зиндони низомаш сангин маҳкум кард. Аз ин пештар, додситон ба Абдулло Азимов 19 сол ва Зафар Ҳусейнов 20 сол зиндон пурсида буд.
Бо вуҷуди ин, наздикони Алиризо Худоёров аз он норозӣ ҳастанд, ки “дар қатли бародарзодаашон Алиризо Худоёров дастикам 6 нафар бо шумули фармоишгар шарик доштанд, вале танҳо ду нафар ба додгоҳ кашида шуданду халос.
- Мо дар идома хоҳишу талаб дорем, ки боқимонда шарикони ҷиноятро ба ҷавобгарӣ ҷалб намоянд,- гуфт Ҷунайдулло Худоёров.
Ҳодисаи қатли Алиризо Худоёров, ки бародарзодаи Фарҳод Худоёров, раиси дафтари Ҳизби сотсиал-демократ дар ноҳияи Рашт ва Ҷунайдулло Худоёров, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ аст, сару садои зиёде барпо кард. Баъди қатли Алиризо Зафари Насриддин ва Азимов Абдулло, сокинони ноҳияи Рашт боздошт ва парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Парвандаи мазкурро, ки баъдан ҷанҷолӣ шуд, Додситонии кулл тафтиш кард ва онро Додгоҳи олӣ баррасӣ намуд.
Алиризо аввали моҳи июли соли 2021 ҳангоми занозанӣ ва кордкашӣ кушта шуд. Наздиконаш ҳодисаро “тарҳрезишуда” ва “кори дасти камаш панҷ нафар” медонанд.
Вале Рухшона Исмонова, хоҳарбузурги Зафари Насриддин дар суҳбат бо Радиои “Озодӣ” иддаои пайвандони Алиризоро рад карда гуфта буд, ки дар ин ҳодиса панҷ нафар ширкат надошт.
“Мегӯянд, ки кордро Азимов Абдулло додааст, дурӯғ аст. Онҳо дар хона буданд, ҳамроҳи ҳамсараш. Мо аз ин кор хабардор набудем, вақте Зафарҷон омада назди ҳама хешу табор гуфтаст, ки ин корро ман кардам, баъд ҳама хабардор шуданд. Гуфтанд, чаро ин беақлиро кардӣ? Гуфтаст, ки чора надоштам, агар намекуштам, маро мекуштанд”,-гуфт ӯ.
Хонаводаи Худоёровҳо иддао доранд, ки бо ин афрод ва наздиконашон барои як порча замин баҳс доштанд ва эҳтимол муноқиша ҳосили ҳамон ҷанҷол аст. Вале наздикони гумонбарон боздошту муҳокимаи онҳоро нодуруст ва "ҳосили хусумати хонаводаҳо" хонда буданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон иваз шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста