Наздикони Мадина Мамадҷонова ҷавонзане, ки тобистони соли 2021 аз сӯи шаҳрванд Азиза Давлатова мавриди латукӯби шадид қарор гирифта, баъди беш аз се моҳи беҳушӣ дар беморхона даргузашт, барои додхоҳӣ дубора ба раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ муроҷиат кардаанд.
Модари Мадина Мамадҷонова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, онҳо мехостанд шахсан бо Рустами Эмомалӣ вохӯранд, вале онҳоро рӯзи шанбеи гузашта 8 декабр, муовини раиси шаҳр Дилшод Одиназода қабул карда, арзашонро шунид ва ваъда дод, ки додашонро ба шаҳрдор Душанбе мерасонад.
Наздиконаш: “Мадина ба таври гурӯҳи кушта шуд”
Манбаъ гуфт, онҳо тариқи мактуб аз муовин ва раиси шаҳр хостанд, ки парванда дубора бозбинӣ карда шавад, чунки баъзе ҷузъиётҳо дар рафти тафтишот ба назар гирифта нашудааст.
- Зиёд мехостем, ки моро худи Рустами Эмомалӣ қабул кунанд, вале нашуд. Мехостем аввал дар бораи зери назорати қатъӣ гирифтани парвандаи духтарамон изҳори сипос намуда, баъдан аз эшон хоҳиш кунем, то супориш диҳанд парванда дубора баррасӣ шуда, баъзе ваҷҳҳо ки дар рафти тафтишот ба назар гирифта нашуд, ба инобат гиранд. Парвандаро “хом” баррасӣ кардаанд,- гуфт модари Мадина.
Ӯ аз Рустами Эмомалӣ хоҳиш кардааст, ки бояд иштирокчиёни дигари қазия низ тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, зеро ки духтараш ба таври гурӯҳи ба қатл расонида шудааст.
Наздикони Мадина ҳафтаи гузашта нусхаи ҳукмро ба даст гирифтанд ва қасд доранд рӯзҳои наздик аз он ба Додгоҳи олӣ аризаи касатсионӣ пешниҳод кунанд.
- Мо ҳанӯз як ҳафта пеш аризаи шикоятии пешакиро ба Додгоҳи олӣ пешниҳод намуда будем. Акнун, ки нусаи ҳукмро ба даст гирифтем, доир ба ҳар як банди павранда, ки мо розӣ нестем, шикояти касатсионӣ пешниҳод менамоем. Дар аризаи пешина ҳам талаб намудем, ки парванда дубора баррасӣ шуда, моддаи “сӯиқасд ва куштор” ба “куштор ” иваз шавад,- гуфт модари Мадина.
Номбурда гуфт, то ба ҳол ташхиси тиббиро дастрас накардаанд ва мақомот далели онро ба омода набудани он арзёбӣ карданд.
Додситонӣ тафсилоти “қазияи Мадина”-ро фош кард
Муроҷиати наздикони Мадина Мамадҷонова ба Русмаи Эмомалӣ дар ҳолест, ки рӯзи 8 январи соли 2022 Додситони кулли Тоҷикистон тафсилоти нави латукӯб ва марги Мадина Мамадҷоноваро расонаӣ кард.
Ин ниҳод навишт, ки Мадина Мамадҷонова дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз сӯи Азиза Давлатова латукӯб ва буғӣ шуда буд. Мақомот дар робита ба латукӯб ва марги ӯ Парвиз (Лутфулло) Давлатов, корманди пешини ширкати "ТТ Мобайл" (Мегафон) ва ҳамсараш Азиза Давлатоваро ба зиндон маҳкум карданд. Онҳо соли 1995 издивоҷ карда, соҳиби ду духтар ҳастанд.
Додситонии кул мегӯяд, Мадина Мамадҷонова соли 2020 замоне ки дар ширкати “Мегафон” дар Душанбе ҳамчун зертобеи Парвиз (Лутфулло) Давлатов буд, ба зиндагии онҳо ворид шуд.
Бино ба иттилои додситонӣ, Азиза Давлатова баъди огоҳӣ аз муомилаи шавҳараш бо Мадина Мамадҷонова, талош кардааст, оилаи худро наҷот диҳад, вале ҳар дафъа аз ҷониби шавҳараш дашномҳои қабеҳ шунида, дар дохили манзили истиқоматиаш, мавриди лату кӯб, азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ қарор гирифтааст.
Муфаттишон гуфтаанд, ӯ се дафъа кӯшиши худкушӣ намудааст, вале духтаронаш ӯро аз ин роҳ гардониданд.
"Парвиз Давлатов солҳои 2020-2021 дар як вақт бо Давлатова А.Т. ва Мамадҷонова М.А. хоҷагии умумӣ пеш бурда, номбурдагонро аз чунин муносибати худ огоҳ карда, дар як вазъияти носолим нигоҳ дошта, мунтазам азобу уқубати рӯҳӣ додааст," – гуфтанд дар Додситонии кул.
Додситонии кул мегӯяд, баҳси ҷонибҳо моҳи майи соли 2021, баъди он ба авҷи худ расид, ки Парвиз Давлатов бо Мадина Мамадҷонова никоҳи мусулмонӣ баста, ваъда додааст, аз ҳамсараш Азиза Давлатова ҷудо мешавад.
"Давлятова А.Т. 25-уми августи соли 2021 ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибораш тоб наоварда, шаҳрванд Мамадҷонова М.А-ро бо автомашинаи шахсиаш ба киллометри 38-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бурда, бо гиребони куртаи дар тан доштаи Мамадҷонова М.А. гулӯи охиронро буғӣ карда, муҳлати бештар аз панҷ дакиқа роҳи нафасашро банд кардааст", -омадааст дар баёнияи Додситонии кул.
Наздикони Мадина аз ҳукми додгоҳии Азиза ва Парвиз норозианд
Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки баъди латукӯб беш аз се моҳ дар кома буда, рӯзи 15 декабри соли 2021 даргузашт, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон гумонбари асосии латукӯби Мадина Мамадҷонова - Азиза Давлатоваро ба 11 сол ва иштирокчиёни дигари “қазияи Мадина” Парвиз (Лутфулло) Давлатов ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Ҳамчунин, бо татбиқи қонуни авфи соли 2021 аз ҳукми Азиза як сол ва аз ҳукми Парвиз 2 солу 6 моҳ кам карда шуд. Акнун яккумӣ 10 сол ва дуввумӣ 5 солу 4 моҳ паси панҷара мемонанд.
Вакили дифоъ ва наздикони Мадина Мамадҷонова аз ҳукми додгоҳ нисбати Азиза Давлатова розӣ нестанд. Чунки ба гуфтаи онҳо ҷазо нисбати Азиза ноодилона, беасос ва ғайриқонунӣ мебошад.
Онҳо гуфтанд, аз Додгоҳи олӣ талаб мекунанд, ки парванда нисбати Азиза Давлатова бо моддаи “кӯштор” баррасӣ шавад. Азиза бо моддаи “сӯйиқасд ба куштор” равонаи зиндон шуд.
То ҳол, назари наздикони Азиза Давлатова ва Парвиз (Лутфулло) Давлатов дар робита ба ҳукмҳои содиршуда маълум нест.
Оғози “Қазияи Мадина”
Қазияи шиканҷаи Мадина Мамадҷонова пас аз он сарусадои зиёдро ба миён овард, ки гумонбарони ҳодиса дар оғоз бар асоси қонуни афв пурра аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд.
Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Пизишкон гуфтанд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дида буд.
Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.
Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.
Рӯзи 1 декабр Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ “Азия - Плюс” гуфта буд, ки 18-уми ноябри соли 2021 парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова барои баррасӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст.
Ба гууфтаи раоснаҳо, ин қазия боиси барканории Сӯҳроб Салимзода, муовини аввали додситонӣ ва Зафар Исмоилзода, сардори ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста