Як сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон барои сабти ном накардани духтараш дар идораи САҲШ ва нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд 192 сомонӣ (ҳудуди 15 доллар) ҷарима шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад.
Манбаъ, аз ин сокини ноҳияи Восеъ, Воҳид Тоштемиров ном мебарад, ки ба духтараш Фараҳноз Тоштемурова бо гузашти ду сол шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст.
- Ин қонуншиканӣ аз ҷониби додситонии ноҳияи Всоеъ зимни санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ошкор карда шуд, - омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Додситонии кул мегӯяд, дар асоси талаботи қонунгузорӣ волидайн муваззафанд, ки фарзандони худро дар давоми се моҳи баъди таваллуд дар идораи САҲШ сабти ном кунанд ва шаҳодатномаи таваллуд гиранд.
Ин ниҳод гуфтааст, ки бо қарори додгоҳи ноҳия рӯзи 22 апрел падари духтар Воҳид Тоштемуров ба маблағи 192 сомонӣ ҷарима шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта коҳиши сабти номи таваллуди кӯдакон мушоҳида шуда, ҳамин тариқ, дар соли 2021-ум 218 ҳазору 206 тифли навзод ба қайд гирифта шудааст (дар соли 2020 - 239 ҳазору 946).
Сабаби поин рафтани ин нишондод ба гуфтаи масъулини Вазорати адлия, шитоб накардани волидайн ба сабти ном кардани кӯдакони навзодашон мебошад.