Аъзои як хонавода аз Самарқанди Ӯзбекистон, ки барои истироҳату табобат ба Тоҷикистон омада буданд, баъди бозгашт ба ватан муносибати маъмурони гузаргоҳи “Саразм”-и Панҷакентро сахт танқид кардаанд. Азамат Ишонқулов, дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “аз гирифтани пора не, аз муносибаташон хеле дилсард гаштам”.
Баҳси “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Саразм” як сол ба ин тараф ба як мавзуйи доғ табдил ёфтааст, вале на ҳоло ва на дар гузашта мақомоти марзбонии Тоҷикистон ба ин шикоят ва иддаоҳои шаҳрвандони Ӯзбекистон посух надоданд.
Азамат Ишонқулов, таассуроти худро аз сафар ба Тоҷикистон дар шабакаи Фейсбук навиштааст ва аз муносибати дағалонаву ришвагирии марзбонони гузаргоҳи марзии Саразм дар Панҷакент изҳори нигарониву нороҳатӣ кардааст.
Рӯзи 8-уми июн ӯ ба “Азия-Плюс” гуфт, охири моҳи май аъзои чаҳорнафараи ин хонавода ба хотири истироҳу табобат ба осоишгоҳи “Баҳористон”-и вилояти Суғд омада буданд. Ӯ гуфт 30-уми май аз Самарқанд тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Зафаробод” вориди Тоҷикистон шуданд ва муомилаи ходимони марзбонӣ ва гумрук дар ин ҷо “хеле форам ва боодобона буд”.
Ба гуфтаи ин шаҳрванди Ӯзбекистон, пас аз як ҳафтаи истироҳату табобат ӯву бародараш бо ҳамсаронашон хостанд, аввал аз зебогиҳои нақби Шаҳристону Ҳафткӯл дидан кунанд ва баъдан тариқи гузаргоҳи “Саразм-Ҷартепа” ба Самарқанд раванд. Онҳо бо мошини шахсии худ омада буданд, вале ба гуфтаи Азамат Ишонқулов рӯзи 5-уми июн дар гузаргоҳи сарҳадии “Саразм”-и Панҷакент бо онҳо муносибати “дурушт” карданд ва танҳо баъди “ҳақситонӣ” дарро ба рӯяшон боз карданд.
“Мо бо мошин будем, маҷбур карданд, ки “порача”диҳем. Дар назди дарвозаи гузаргоҳи “Саразм” бе ягон сабаб қариб ду соат мондем. Пулро барои мошин ходими марзбонӣ гирифт, аз ходимони гумрук ҳеҷ хафагие нест. Мо аз гирифтани пора не, аз муносибаташон хеле дилхира гаштем”,-нигаронӣ кард ӯ.
Ин шаҳрванди Ӯзбекистон дидаҳояшро ҳангоми сафараш ба Суғд дар як номаи кушод низ дар фейсбук навишта гуфтааст, “як ҷаҳон тасаввурот гирифта, хеле хурсанд шудем” ва дар идома гуфтааст, “аз нуқтаи сарҳадии “Саразм” вориди Ӯзбекистон шудем, лек бо муомилаҳои дағал ва таъмагирии қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон. Хеле ҳайрон гаштем ва он як ҳафтаина истироҳат ва табобате, ки карда будем бар бод рафт!”
Ба иддаои Азамат Ишонқулов вақте аз марзбонон хоҳиш кард “мо гузарем”, вале дар ҷавоб “тартиб ҳамин хел ждать кун”-ро шуниданд ва баъди чанд муддат пурсидаанд "чӣ хел тартиб, чиро ждать кунам" боз дар ҷавоб “бисёр сухан макун, дар пост меҳмонай”-ро шуниданд. Ӯ мегӯяд, “баъди 15-20 дақиқаи дигар гуфтам “моро хона мунтазиранд, дарвозаро кушо”, он афсари марзбонӣ “эҳ, чӣ ин қадар сухан мекунӣ, баъд аз ду соат дохили пост мешавӣ фаҳмидӣ” гуён ба ман ҷавоб дод. Асабҳои ман таранг гашт гуфтам “бо ту гап намепазад, командиратро фарёд кун” аз ӯ чунин ҷавоб шунидам “паспорт ва техпаспортро тайёр кун, худат даромада ҳаллаш мекунӣ”.
Дар идома ин шаҳрванди Ӯзбекистон мегӯяд, вақти гузаштан аз назорати шиноснома ходиме аз ӯ пурсидааст, ки чӣ мушкил дорад. Вай гуфтааст, мошинро барои гашаштан иҷозат надода истодаанд ва дар ҷавоб гуфтанд, “сумаша деҳ ҳозир медарояд”. “Бо тарс ва ҳайронӣ додам сумашро, бо телефон фармон кард, то мошини моро сар диҳад. Охир гап дар бораи камтаракак маблағ будаст, асабҳои моро чӣ андоз вайрон кард”-нигаронӣ кардааст, Азамат Ишонқулов.
Мавзуйи “ҳақситонӣ” дар гузаргоҳи “Саразм-Ҷартепа” як сол ба ин тараф боиси нигаронии тунди шаҳрвандон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудааст. Дар гузашта шаҳрвандон аз он шикоят доштанд, ки то 100 момонӣ “доля” надиҳанд ходимони гузаргоҳ дарро ба рӯяшон боз намекунанд. Аммо ин даъфа шаҳрвандони Ӯзбекистон дақиқан нагуфтанд, ки бо чанд пул ё “доля” ба онҳо иҷозаи убури сарҳадро доданд.
Масъулини марзбононии Тоҷикистон дар мавриди шикояти шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон, ки иддао доранд, дар гузаргоҳи “Саразм”-и Панҷакент дучори муносибати дурушту “ҳақситонӣ”-и ходимони ин ниҳод шуданд то ҳол чизе нагуфтаанд.
Талошҳои "Азия-Плюс" барои ба даст овардани назари масъулони гузаргоҳи марзбонии Саразм ва ҳамчунин вилояти Суғд натиҷа надод.
Дар гузшат шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз ҳақситонӣ ё “доля”-талабии марзбонони тоҷик дар гузаргоҳҳои сарҳадии вилояти Суғд шикоятҳои зиёде карда буданд.
Аз ҷумла, соли гузашта шикоятҳои зиёд аз гузаргоҳи гузаргоҳи “Фотеҳобод”-и Тоҷикистон (дар ноҳияи Мастчоҳ) бо “Ойбек”-и Ӯзбекистон (ноҳияи Бекобод) дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ расонаӣ шуда буд.
Шикояти мусофирон дар мавриди ҳақситонӣ дар гузаргоҳи “Фотеҳобод” моҳи августи 2021 баҳсҳои тундеро барангехт ва баъди расонаӣ шудани ин мавзуъ роҳбари бахши марзбонии ин гузаргоҳ ва муовинонаш аз мақом барканор шуданд.
Баъди ин тағйирот дар сохтори марзбонӣ, гуфта мешуд, ки вазъ тағйир ёфтааст ва марзбонон ҳам аз руйи эҳтиёт кор мегиранд. Тобистони соли гузашта расонаҳо аз шикояти мусофирон дар назди гузаргоҳи “Фотеҳобод” навиштанд, ки ба гуфтаи онҳо “аз 500 то 1000 сомонӣ мегиранд”.
Аммо моҳи октябри соли гузашат, хабарнигори хабаргузории ӯзбекии Kun.uz дар асоси мушоҳидаҳояш навишт, ки аз мусофирон, шаҳрвандони Ӯзбекистлон 150-200 сомонӣ пул талаб кардаанд. Ба навиштаи ин хабаргузорӣ “пул ба табибе, ки дар гузаргоҳи марзӣ кор мекунад, супурда мешавад”. Он вақт асосан шикоятҳо аз пулситонӣ барои доштану надоштани санади ташхиси коронавирус буд.
Доруҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон худро аз онҳо эмин нигоҳ дошт?
Душанбе чӣ гуна Соли навро истиқбол мегирад?
Романи “Ҷанг ва олами афғонҳо”-и Абдуғаффор Абдуҷаббор ба чоп расид
Аз ҳоҷиталбону тӯйи арӯсӣ то мошинронӣ дар ҳолати мастӣ. Соли оянда ҷаримаи кадом қонуншиканиҳо чӣ қадар зиёд мешаванд?
Нахустин вохӯрии гурӯҳҳои типографии Тоҷикистону Қирғизистон баъди пурра муайян кардани хатти марзи ду кишвар
Бонки ҷаҳонӣ барои сохтмони “Роғун” $350 млн грант ҷудо кард
“Тоҷикфилм” соли оянда чанд филмро маблағгузорӣ мекунад?
ҲХДТ ба интихоботи парлумонӣ 28 номзад пешниҳод кард. Онҳо кистанд?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Хашми подшоҳ бар надими худ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста