Тоҷикистон ба мардуми зарардида аз офати табии Покистон 3 ҳазор тонна маводи озуқавориву масолеҳи сохтмонӣ, ки 12 млн. 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, кумаки башардӯстона ироа кардааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, ҳазор тонна ангиштсанг, ҳазор тонна семент ва 2 ҳазор адад шифер иборат мебошад.
Гуфта мешавад, ки корвони мошинҳо бо кумаки башардӯстона фардо ба роҳ мебарояд ва сохтору мақомоти дахлдори кишвар барои то қаламрави Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор гардидаанд.
“Таъкид бояд кард, ки иқдоми зикршуда нишондиҳандаи сиёсати башардӯстона ва ҳусни ҳамҷавории Роҳбари давлати Тоҷикистон мебошад”, - гуфта шудааст дар шарҳи кӯмакҳо.
Ёдовар мешавем, ки бар асари бориши зиёди борон ва ба амал омадани обхезиҳо дар Покистон, ки беш аз як моҳ инҷониб идома доранд, 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион шаҳрванди ин кишвар зарар дидаанд.
Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.
“Номи ҳамаша намедонам”. Сокинон то куҷо аз ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо дар интихоботи парлумонӣ огоҳанд?
Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко
Ронандаи автобус аз Тоҷикистон, ки дар Русия бо нақлиёти зери идорааш ба дарё афтода буд, ҷарима шуд
“Арзон ва бехатар”. Чаро дар Душанбе бунёди гузаргоҳи рӯйизаминӣ маъмул нест?
Таъмири теппаи “Қӯрғон” то ҳол оғоз нашудааст. Раиси КҲФ аз ин теппаи садамавӣ боздид кард
Озмун барои кор дар Арабистони Саудӣ. Кай, дар куҷо ва барои кӣ баргузор мешавад?
Роҳи Душанбе-Чаноқ беш аз 5 соат боз баста аст
Озодии блогери тоҷик дар Русия баъд аз як соли боздошт
Намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ нав шудааст
Футболбози тоҷик Хусрав Тоиров дар “Черноморетс”-и Украина бозӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста