Як сокини шаҳри Роғун барои қатли бераҳмонаи ҳамсараш 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон шудааст. Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Манбаъ менависад, ки Аслиддин Авлиёев, бо ҳамсараш Дилафрӯз Саидова мунтазам муноқиша карда, нақшаи куштори барқасдонаи ҳамсарашро кашидааст.
Ин ниҳод менависад, ки ҳодиса моҳи июни соли равон рух дода, Аслиддин Авлиёев ҳамсараш Дилафрӯз Саидоваро, ки муваққатан дар хонаи модараш истиқомат мекард, бо корди хоҷагидорӣ бо бераҳмии махсус 12 маротиба мезанад, ки дар натиҷа, ҳамсараш ба ҳалокат мерасад.
“Авлиёев А.А. баъди ба қатл расонидани Саидова Д.Р. бо нияти аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо дур мондан, бо корди хоҷагидории бо худ овардааш якчанд зарба ба қисмати гардани худ задааст, ки дар натиҷа ӯ низ ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, барои табобат дар беморхонаи шаҳри Роғун бистарӣ карда шудааст”, - омадааст дар хабарномаи прокуратура.
Гуфта мешавад, ки Аслиддин Авлиёев дар ҳолати ретсидивӣ ҷиноят содир кардааст.
Ҳамин тариқ, Аслиддин Авлиёев бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 22 ноябри соли 2022 барои одамкушӣ (моддаи 104 қисми 2, банди “е”) гунаҳкор дониста шуда, 19 солу 4 моҳ равонаи зиндон гардидааст.
Назари наздикони гунаҳкор дастрас нест.
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иброҳим ва чигуна зинда шудани мурдагон”
Бахши кишоварзии Тоҷикистон: Ҳамаи нишондиҳандаҳо афзуданд, ба ҷуз пахтакорӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 декабри соли 2024
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста